Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Форум оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар Форум оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои онро барои миллионҳо нафар таъкид намуда, диққати иштирокчиёнро ба пешбурди фаъолонаи равиши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷалб намуд.
Инчунин аҳамияти қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, таъсиси Фонди боварии ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, таъкид гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






