«НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАРҒИБГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ». Дар Кӯлоб ҷашни Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
КӮЛОБ, 24.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Нахуст, меҳмонон бо хони идонаи омоданамудаи донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷ, ки саропо аз таомҳои миллӣ- ҳафтсину ҳафтшин иборат буд ва ҳунарҳои мардумӣ, ки хоси ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошад, шинос шуданд.
Гуфта шуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои фархундаи мардуми тоҷик буда, зодаи хираду андеша ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷҷасумгари некиву накӯкорӣ ва созандагию бунёдкорӣ мебошад, имрӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки Наврӯз ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.
Дар охир як зумра омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи омӯзгорӣ бо Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз






