«НАВРӮЗ — МУЖДАИ БАҲОРУ САРСАБЗИИ ТАБИАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷашни аҷдодиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии мутантани фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Наврӯз — муждаи баҳору сарсабзии табиат» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховра» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар медиҳад, донишҷӯёни ҳар як факултет хони идона ороста, ҷашни Наврӯзро пайвандгари насли имрӯз бо расми арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон маънидод намуданд.
Ҳайати комиссия бо дастоварду намоиши фарҳангии донишҷӯёни факултаҳо шинос шуд. Дар хони наврӯзии факултетҳо риояи расму оинҳо, густурдани хони ҳафтсину ҳафтшин, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ва омода сохтани таомҳои миллӣ ба истиқболи Наврӯз як рукни асосии ин ҷашни ниёгон буд.
Баъд аз тамошои хони идона ва дастовардҳои факултетҳо қисмати тантанавии чорабинӣ оғоз гардид.



Таъкид карда шуд, ки эҳёшавии анъанаҳои неку пурҳикмати наврӯзӣ, мақоми байналмилалии ин ҷашнвораи нуфузафзои миллатро, ки бо шарофати татбиқи босамари сиёсати башардӯстона ва тамаддунофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун василаи саодату пирӯзии аҳли башар, ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоиштаи халқу миллатҳои гуногун, ҳифзу қадршиносии неъматҳои табиат пазируфта шудааст, метавон дастоварди бисёр муҳимму ҳуввиятбахши даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд.
Ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса ба хотири эҳтиром гузоштан ба суннатҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ва амалӣ намудани рукнҳои Наврӯз бо ташкили маҳфилҳои идона ин ҷашнро бо руҳияи ифтихормандӣ аз сулҳу суботи Ватан пешвоз гарифтанд.


Дар донишгоҳ ҳамасола дар ҳошияи истиқбол аз ҷашни Наврӯз як қатор озмунҳо, аз ҷумла “Факултети сол”, “Олими сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол”, “Куратори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Варзишгари сол”, “Маҳфили сол”, “Ҳуҷраи беҳтарин дар хобгоҳ” гузаронида мешавад. Дар ин рӯз низ ғолибони ин озмунҳо ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай ҷамъбаст гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳо ва маблағҳои пулии таъсиснамудаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон чанде аз устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назаррас бо Сипосномаи таъсиснамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби ансамбли «Наво»-и донишгоҳ дастагуле аз савту наво пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ











Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд






