ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 4 март хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад

Март 2, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 4 март дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин гуна ҳавои номусоид эҳтиёткор бошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хотиррасон менамояд, ки бар асари бориши рӯзҳои оянда хатари барфтӯда дар роҳҳо ва яхбандии роҳҳои мошингард дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қаторкӯҳҳои водии Ҳисор, роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд — Чаноқ, Душанбе — Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб вуҷуд дорад.

Кумита аз сокинон хоҳиш менамояд, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бе зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Рафтан ба чарогоҳҳои кӯҳиву шикор ва моҳидорӣ низ маслиҳат нест.
Кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд, мошинҳояшон пешакӣ барои сафар омода созанд, ҳамеша бо худ асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд. Риояи фосилаи байни мошинҳо низ хеле муҳим аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳмонон ва сокинони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар чунин рӯзҳо  эҳтиёткор бошанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд