ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G»-ро ба муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ бо либоси сурх анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар остонаи бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар шаҳри Риёз ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷамъомад ранги либоси дастаҳо тасдиқ гардид: имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сурх ва тими миллии Арабистони Саудӣ бо либоси сафед ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд доир гашта, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






