Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.03. 2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо неъмати фасли баҳор, яъне гиёҳҳои худрӯй мо ҷисм ва фарзандонамонро неруманд мегардонем. Бояд ҳар зани тоҷик дар ин фасл аз ин неъмат фаровон истифода намояд, зеро ҳама намудҳои сабзавот ва алафҳои кӯҳӣ барои бунияи инсон хеле зарур мебошанд. Аз ҷумла, шибит, ров, рошак, сиёҳалаф ва модел дар таркибашон витаминҳои зиёд доранд ва холестеринро дар даруни рӯда ҷаббида, берун мебароранд. Дар фасли баҳор захираҳои организм кам мешаванд. Вақте дар организм витамин кам шуд, тамоми касалиҳо рӯ мезананд. Чунин иброз намуд сокини 61-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Гавҳар Ҳафизова.
Мавсуф изҳор намуд, ки табиат хирадманд аст ва дар ҳар фасл ғизои заруриро барои солимӣ ва нигоҳубини бадани мо мувофиқи эҳтиёҷи мавсимӣ пешкаш менамояд. Баҳор мавсими ранг аст, аз ин рӯ, мо бояд табақҳоямонро бо бисёр хӯрокҳои рангоранге пур кунем, ки ба мо фоидаи калон меоранд. Мо, занҳо дар ин фасл бештар таоми миллии оши туппа ё бурида (оталаи туппа ё бурида ва угро низ мегӯянд) омода менамоем.
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода карда мешавад. Ин навъи таом аз растаниҳои гуногуни фоидабахш, донагию лӯбиёгӣ ва хамири зуволаи бурида омода мегардад.
Зуволаи оши бурида аз орд, намак ва сафедии тухм омода шуда, баъдан он то 15-20 дақиқа дам мехӯрад. Дар ин муддат дар дег обро ба миқдори муайян рехта, дар он пиёз ва кабудиҳои дигар ҷӯшонида мешаванд. Инчунин ба оби он нахӯду лубиёро низ ҳамроҳ карда, меҷӯшонем. Намаки онро низ набояд фаромӯш созем.
Зуволаи хамирро болои тахтаи махсус бо тирак тунук намуда, барои ба тахта ва тирак начаспидан ба зувола кам-кам орд пошидан мегирем. Онро то даме тунук мекунем, ки тунукии зувола 2-3 мм шавад. Баъдан бо корди махсус, ки корди ошбур мегӯянд, борик –борик мебурем. Зувола ҳар қадар, ки тунуку борик гардад, сифати оши бурида ҳамон қадар хубу болаззат мешавад. Баъди буридан тамоми пораҳои буридашударо бо орд қабза карда, борик кардан мегирем. Ин амалро мардуми мо дастак задан мегӯянд (бояд онро хуб дастак занӣ, то торҳояш мустаҳкам ва борику дароз шаванд).
Оташи дегро баланд менамоем, то ҳангоми ба об андохтани хамири буридашуда пораҳои он ба ҳамдигар начаспанд. Ҳангоми ҷӯшидан бо кафлези чӯбин онро нарм-нарм кофта, хамирҳоро аз ҳам ҷудо кардан мегирем. Оши бурида дар ҳарорати баланди ҷӯшидани об дар зарфи 5-10 дақиқа мепазад. Баъд оши буридаи омодашударо ба табақ, хусусан табақи чӯбин бардошта, ба болояш нахӯду лубиё ва гиёҳҳои андохтаамонро мекашем. Ба он мувофиқи табъ кабудӣ ва чакка низ ҳамроҳ намуда, онро мехӯранд.
Мардуми вилояти Хатлон ин хӯрокро атола ё отала меноманд. Ин навъи хӯрок низ ба мисли оши бурида аст, танҳо зуволаи онро аз орди гандум дар намакоб хамири сахт хелида, 30–40 дақиқа дам медиҳанд. Баъд хамирро зувола гирифта, тунук карда, қабат-қабат мекунанд ва ба шакли тасмаҳои дароз ё чоркунҷа мебуранд.
Ба гуфти Гавҳар Ҳафизова, оши угро аз оши бурида бо он фарқ мекунад, ки дар он гӯшт ва дигар маҳсулотро бо каме равған зирбонда, пасон зуволаи резакарда андохта мешавад.
Дар дигар минтақаҳои мамлакат хамири оши туппаро ба шакли чоркунҷа мебуранд. Агар онро ба шакли пораҳои секунҷа ё ромбшакл буранд, он гоҳ баргаки бед меноманд.
Ба ибрози ҳамсуҳбати мо, ӯ ин навъи хӯрокро аз модараш омӯхтааст. «Дар он замон оши бурида ва ё туппа намегуфтанд, оталаи бурида ва туппагӣ мегуфтанд. Ба гуфти модарам, «оталаи туппагӣ миҷозаш гарм аст, миҷози оталаи бурида бошад бо сабаби борик буридан ва дастак задан хунук мешавад».
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






