ПАЙДО ШУДА ДАР СУХАН МУҲАММАД ҒОИБ. Андешаҳо дар мавриди симои инсонии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб

Март 16, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб, аз ҷумлаи шоирони номдору ватансаро ва ватандӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Саҳми Муҳаммад Ғоиб дар рушду ташаккули назму насри муосири тоҷик ниҳоят бузургу қиёснашаванда мебошад.Нақши Шоири ватансаро дар рушди маънавиёти ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ низ ниҳоят барҷаста аст. Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло пажуҳише дар шинохти шахсият ва симои адабии шоир анҷом додааст, ки пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

Симои инсонӣ

Он чӣ маро водоштаааст ин мақоларо нависам, пеш аз ҳама, симои инсонии Муҳаммад Ғоиб аст. Аз он замоне, ки ӯро мешиносам, яъне аз замони навҷавонӣ, ки шеърҳои нахустинаш интишор меёфтанд, ӯро инсони хайрхоҳ, хоксору самимӣ дарёфтаам. Ин сифатҳо ҳам дар шеър ва ҳам дар сиришти инсонии ӯ мушоҳида мешаванд. Ин сифатҳо ӯро баъзан то ҳадди содагиҳо мерасонид, ки аз ин хусус ҳикоятҳои лутфомезе вирди забони дӯстон аст. Баъдан, Муҳаммад як инсони ҳамеша некбин аст. Хайрхоҳ нисбат ба дӯстон, ҳамқаламон, ҳамкорон; хоксор дар муносибат бо мардум; некбин нисбат ба замона. Дар ҷойе ки хайрхоҳӣ ҳукм меронад, раҳму шафқат низ бо ӯ ҳампаҳлу аст. Ва аз ин ҷо боз як сифати дигари ӯ — дилсӯзӣ реша мегирад. Гумон мекунам, садоқатмандии ӯ ба Ватан, ба дӯстон низ дар ҳамин ҷо замина дорад.
Як далел меорам, ки ҳама гуфтаҳои болоро собит месозад. Дар он замонҳои ҷавонӣ, ки ӯ ҳанӯз сокини ноҳия буд, аз қазо ҳамсараш гирифтори бемории шадид гардид, муддатҳо дар бемористони Шаҳраки тибии пойтахт муолиҷа мегирифт. Ана дар ҳамон маврид ман садоқати инсониву хонаводагии ӯро мушоҳида намудам. Як кати хурди чӯбине дар канори роҳ, начандон дур аз бемористон сохта шуда буд ва Муҳаммад то даме, ки ҳамсараш дар беморхона буд, шабу рӯзашро он ҷо мегузаронд ва мо, дӯстон, меомадему дилбардорияш мекардем.
Аслан метавон ин боби мақолаи моро “инсони ҳамеша ашк дар чашм” номид, зеро Муҳаммад Ғоиб бо вуҷуди хеле зарофатгӯ будану дигаронро хандониданаш ҳамеша “ашк дар чашм” дорад ва таъбирҳои “гиристам”, “ашк рехтам” –ро бо самимият бисёр истифода мебарад. Ва дар мавриди ҳассостарин лаҳзаҳо ҳамеша ӯ мегӯяд: — Ги-и-иристам.

Яке аз дӯстони наздики мо Абдураҳмон Абдуманнонов, ки солҳо бо Муҳаммад робитаи дӯстиву бародарӣ ва ҳамкорӣ дорад, ин мавридро бо ҳазли бародарона хуб истифода менамояд. Ҳар боре, ки ягон шеър ё ҳикояи Муҳаммад ба табъ расид, ӯ ба акаи Абдураҳмон занг мезанаду мепурсад: -Ака, хондӣ? Чӣ хел?

Акаи Абдураҳмон ҳам зуд ҷавоб медиҳад: — хондам, ги-и-иристам…

Воқеан, чунон ки худи Муҳаммад дар як рубоӣ мегӯяд, ҳар ҳарфи шеъраш донаҳои ашки ӯянд:

То ашк ба чашми хома пайдо нашавад,
Як ҳарфи равон ба нома пайдо нашавад.

Ва ё дар рубоии дигар мегӯяд:

Дар оҳи ман ашку дар нигоҳам ашк аст,
Дар панҷаи мижгони сиёҳам ашк аст.
Бе нам набувад хоки замини дили нарм,
Дарёфтаам, ғубори роҳам ашк аст.

Ашкҳое, ки дар ашъори Муҳаммад Ғоиб медурахшанд, аз сиришти поки инсонӣ, аз раҳму шафқати дили шоиронаи ӯ сарчашма мегиранд. Аслан шеъри шоир шиносномаи шахсияти инсонии ӯст. Ҳамин хоксорӣ ва инсонпарварии Муҳаммад, табиист, ки дар шеъраш низ инъикоси дурахшон дорад. Чунончи:

Мароми мо, ки умре ҷо бигирем
Ба мисли мардумак дар чашми мардум.

Ва чунонки мебинед, дар ҳама маврид санъати сухан ва таносуби он риоя мешавад. Дар байти боло ин таносуб дар вожаҳои маром, мардум ва мардумак ва ин санъат дар тасвиру баёни зебои маънои шоиронаи ин байт ба назар мерасад.
Айнан ҳамин ҳунарро дар байти дигар низ метавон мушоҳида намуд:

Мани шоир сияҳ кардам варақҳо,
Вале ҳаргиз сияҳкорӣ накардам.

Ба ҷуз аз баёнҳои шоиронае, ки дар боло мебинем, мисолҳои овардаи мо мавқеи инсонӣ ва ҳадафнокии шеъри шоирро низ нишон медиҳанд. Дар байтҳои боло сифатҳои неки инсонӣ тарғиб мешаванд ва дар баробари он симои инсонии шоир низ аз он ҷилвагар аст.

Зиндагӣ дар шеър

Як ҷиҳати ҷолиб ва фарқкунандаи шеъри Муҳаммад дар он аст, ки шеъри ӯ, мазмун ва тасвираш сохтаву бофта нест. Ӯ дар шеър зиндагӣ мекунад, зеро шеъри ӯ аз муҳити худаш, аз олами андешаҳои худаш аст. Ин як сабаби дар аксари мавридҳо шабеҳи шеъри дигарон набудани шеъраш аст. Муҳаммад Ғоиб, ки аслан физик аст, пешааш дуртар аз филология мебошад, бо тақози дил ва кашиши завқу табъ ба олами шеър омадааст. Аз ин рӯ аст, ки ӯ мавзуъ намекобад, он чиро ба тасвир мегирад, ки мебинаду меандешад. Мисол:

Ҳанӯз бод мекунад дар қаламраваш гардиш,
Барои пур шудани халтааш гадо гардад.
Ба пушти соя ҳанӯз аст пайкаре пинҳон,
Хамӯш дар дили ин пайкара садо гардад.

Ин тасвирҳо ҳадаф доранд, онҳо симои замонаро ба тасвири шоирона ба мушоҳида мегиранд ва дар ин пора ба пушти соя пинҳон будани пайкар далели гуфтаи боло аст.

Баъдан, дар ин шеър боз ҳам тасвирҳое, ки ҳам намои назари шоирона ва ҳам доғу дарди зиндагиро ҳунармандона инъикос мекунанд, давом меёбанд:

Ҳанӯз шаршара ҳам об дар гулӯ дорад,
Ҳанӯз ҷониби ҷӯй аст дидагони боғ,
Ба шохи сабздарахт аст зардбарге чанд,
Ба мисли сӯхтадил, ки тобад доғ.

Метавон рамзҳои баёншуда дар ин чаҳор мисраъро низ хеле тафсир дод, ки маъноҳоеро бо худ мебаранд. Ифодаи шоиронаи об дар гулӯ доштани чашма, нигаронии дидагони боғ ба чашма, тасвири зардбарге чанд дар намои доғи сӯхтадил — ҳама тасвирҳои зиндаи марбут ба ҳаёти инсонанд. Яъне ки шеъри Муҳаммад Ғоиб тиҳӣ ва бебор нест. Ҳамин як шеъри Муҳаммад, ки тасвири шоиронаи зиндагии имрӯз аст, барои як мақола метавонад мавзуъ диҳад ва ин яке аз хусусияти хоси шеъри Муҳаммад Ғоиб аст, ки шеъраш мисли худаш лабрези андеша, эҳсос ва таассуроти зиндагӣ аст.

Услуби интихобкардаи шоир ба ӯ имкон медиҳад, ки мавзуи суханашро фарохтар кунад ва тасвирҳои дигареро ба тасвирҳои боло зам намояд, ки ҳадафҳои дигар доранд, аммо наметавон гуфт, ки онҳо бемавриданд, мисли:

Касе ҳанӯз дар он сӯи ёдҳо тобад,
Ҳарос аз ҳама дорад, гурезмаҳбус аст.

Ва дар ҳамин оҳанг вожае созад мисли гурезмаҳбус.

Дар ҳамин як шеър, ки шоир онро ҳадафнок “Шеъри муосир” номидааст, чандин хусусияти хоси шеъри Муҳаммадро метавон мушоҳида кард, ки яке аз онҳо тасвирсозиҳои ҳунармандона мебошад. Бубинед:

Ҳанӯз шабнами хилватнишин адо созад
Ба ҷонамози гуле саҷдаи қазоияш…

Ё мисоли дигар:

Миёни ҷангали шаб низ шамъҳо тобанд,
Ба мисли дидаи гургони гушна дар пода.

“Шабнами хилватнишин” худ тасвири маънидоре аст ва “саҷдаи қазоии” ӯ дар “ҷонамози гул” тасвири шоирона аст. Ва ё шабоҳати шамъҳо дар ҷангали шаб ба чашми гургони гушна низ аз ҳамон қабиланд.

Муҳаммад шоири мушоҳидаҳо аст ва дар ҳамин як шеъре, ки мавриди назари мост, чандин мушоҳидаи хуби шоиронаро мебинем, ки ҳама барои баёни мақсад ва ҳадафи асосии ин шеър хидмат мекунанд:

Дар ин кавир ҳама аз сароб ҷӯянд об,
Ба чашми ташна чу баҳр аст регзор аз дур.
Дар он макони фиреби назар фақат донад
Ягона ҷойи наму чоҳи обро занбӯр.

Дар ин пора аз сароб об ҷустани ҳама ва чу баҳр тофтани регзор ба чашми ташна тасвирҳои боварбахши шоиронаанд, вале чизи ҷолибтар барои банда дар ин ҷо тасвири банди дуюми шоир аст, ки гувоҳи огоҳии шоир аз илми табиатшиносӣ аст. Донистани хусусияти занбӯр ва дар саҳро ҷойи обро бехато ёфтани занбӯр ва ин огоҳӣ ба Муҳаммад имкон медиҳад, ки онро дар тасвир истифода барад ва тавассути он ба шеъраш нигориш ва маънои амиқтар бахшад.

Аммо шоир тасвирсозиҳои худро идома медиҳад ва бо ин тасвирҳо маъниҳо ва оҳангҳои иҷтимоиро баён мекунад, ки шеъри ӯро пурбортар месозанд:

Фиканда лоли шаб имшаб дароз лангарро,
Дар ин сарои амал тифли орзу хоб аст.
Аз ин сукут нахезад умеди як фарёд,
Тамоми тарҳи ҳуҷумаш чу нақш бар об аст.

Ва боз ҳам мушоҳида мекунем, ки шаби лолу лангари дарози афкандаи ӯ, дар сарои амал хоб будани тифли орзу, аз сукут нахестани умеди як фарёд, нақш дар об будани ҳуҷум баёну нигоришҳое мебошанд, ки аз ҳунари тасвирсозии шоир гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳар банди ин шеър бо истифодаи ҳунар ва тасвирҳои шоирона чунон навишта шуда, ки наметавон онҳоро нодида убур кард, аз ин рӯ боз як банди ҳунармандонаи дигар пешорӯи мо мебарояд:

Ҳанӯз, боз ҳанӯз… Ин ҳама ба ёд орад
Зи пушти оина акси набударо ҷустан.
Ба ин ҳанӯз, ки борони хастаро монад,
Наметавон ҳама он чирки даҳрро шустан.

Низ тасвирҳои шоирона: акси набударо аз пушти оина ҷустан ва борони хаста, ки наметавон бо он чирки даҳрро шуст ифодаи маъниҳоро ҷилои шоирона мебахшанд.

Ин шеър дар мавзуи шеър аст, аммо онро метавон ба ҳар мавзуи дигар, масалан ҳар мавзуи фарҳангӣ ё ҷанбаҳои дигари зиндагӣ низ мансуб намуд, ки маъно халал намеёбад ва ин ҳам як хусусияти ин шеър аст.

Шоир якрангӣ ва маънозадагии шеъри муосирро ба д-ин васила мазаммат мекунад ва дуруст ҳам мегӯяд, ки:

Хаёлам он ҳама ҳарфи ба қатраҳо монанд
Сиришки як қаламанду сахои як дида.
Ба ҷойи буттаву нахлу гулу гиёҳи кӯҳ
Ба боғу дашти сухан занбурӯғ рӯида.

Ва ҷамъбасти ин шеъри бисёр аҷиби ҳадафнок чунин аст:

Ҳанӯз, боз ҳанӯз… Ин ишора чун оташ
Зи ҷӯйи равғани носозгор зар гирад.
Агар ки ҳамқадамии замону шеър ин аст,
Чу бешазор ҳама ҳарфзор дар гирад.

Азбаски шоир бисёр бо ҷуръат шеъри муосирро мавриди назари танқид қарор медиҳад, худ кӯшидаааст, ки шеъраш дар ҳама маврид ҳунармандона гуфта шуда бошаду истифодаи фаровон аз санъатҳои шеърӣ дорад ва ба андешаи ман муваффақ ҳам шудааст.

Падидаҳои сабки ҳиндӣ дар шеъри Муҳаммад Ғоиб

Як хусусияти хоси шеъри Муҳаммад Ғоиб, чунон ки гуфтем, дар истифодаи фаровони санъатҳои шеърӣ аст, мисли: ташбеҳ, истиора, иҳом, маҷоз, рамз, таҷнис, муқобала ва хусусан санъати ирсоли масал. Дар адабиёти гузаштаи мо ин зуҳурот беш аз ҳама дар шеъри шоирони сабки ҳиндӣ ривоҷ ёфтааст. Гароиши Муҳаммад ба ин услуб бештар эҳсос мешавад. Бешубҳа, корбурди сабки ҳиндӣ шеърияти шеърро бештар мегардонад ва ба он ҷилову мазмуни бештари шоирона мебахшад, аз ин рӯ ин сабкро метавон сабки ҳунар номид. Яъне шоир тавассути санъатҳо дар шеър заркориҳои ҳунарӣ мекунад, ки арзиши шеърро бештар месозанд. Аммо дар ин самт бисёр саргарм шудан ҳам нашояд, зеро саргармии зиёд шеърро ба падидае меорад, ки бо номи ё истилоҳи “санъат барои санъат” маҳкум гардидааст. Яъне санъат дар шеър бояд мазмуни асосӣ ва ҳадафҳои гузоштаи шоирро пайгирӣ кунад, вагарна по задан дар як ҷоро мемонад.
Ин падида, яъне истифодаи сабки шабеҳи сабки ҳиндӣ дар шеъри Муҳаммад он қадар фаровон аст, ки танҳо дар мисоли ду ғазали кӯтоҳи ӯ метавон онро баррасӣ кард.

Чунончи:

Шонаи хаёли ман бори орро донад,
Ин саманд дар умраш як саворро монад.

“Шонаи хаёл”, “бори ор” худ ибораҳои шоиронаанд, аммо дар мисраи дуюм шабоҳат додан ба “саманд” онро наздик ба сабки ҳиндӣ мегардонад. Аммо ҳанӯз ин кам аст, ин саманд саманди одӣ нест ва он танҳо як саворро мешиносаду ба худ роҳ медиҳад ва ин ишора ба умри инсон аст. Як хусусияти ин сабк дар он аст, ки истифода аз он имкон медиҳад, ки мазмун ба таври ихчаму фишурда ва дар баробари ин тасвирнок баён ёбад. Зеро истифодаи санъатҳо тасвир месозанд ва тасвир маъниро зеботару хотирмонтар ба хонанда мерасонад ва ин, бидуни шубҳа, гувоҳи ҳунари шоир аст.

Баъд аз байти матлаъ ҳар байти минбаъда низ аз шоир ин ҳунарро тақозо мекунад, чунон ки дар ҳамин ғазал:

Ғайри гӯри ман гӯре дар ҷаҳони ҳастӣ нест,
Ин макони пурғавғо як мазорро донад.

Ва чунон ки мебинед, шоир боз ҳам бо истифода аз тасвирҳо маънисозӣ мекунад.

Дар чунин ғазалҳои Муҳаммад гаравиш ба маънисозиҳои гузаштагон эҳсос мешавад:

Шуъларо тунукзарфон марги хеш медонанд,
Қатъсози базми худ хас шарорро донад.

Ва, албата, чунин тасвирҳо, ки бо ҳадафи баёни маъниҳое аз рӯзгор оварда мешаванд, бе риояи талаботҳои ин услуб, дар айни замон, таносуби сухан арзиш надоранд. Чунон ки да мисоли оварда “шуъла” – ву “тунукзарфон” ва “хас” – у “шарор” гувоҳи гуфтаҳо моянд.
Як хусусияти сабки ҳиндӣ дар он аст, ки агар шоир дар мисраи аввал як маънӣ ё андешаро баён созад, дар мисраъи дуюм ҳатман тасвири бадеии онро аз зиндагӣ ё табиат бояд биоварад, ки ин маъниро мумтоз мегардонад. Масалан дар мисраи аввал шоир меорад:

Парад аз дида хоб, андеша чун бисёр мегардад.

Ин мисраъ иборат аз сухан ва маъное аст, ки ҳанӯз шеърияте надорад, аммо вақте шоир дар мисраъи дуюм мегӯяд:

Парешонҳол дар ҳар давр давлатдор мегардад,

сухан тасвири бадеӣ мегирад, яъне парешонҳолии шахси давлатдор монанд карда мешавад ба паридани хоб аз дида, ки ҳосили андешаи бисёр аст.

Ва дар идома шоир барои баёни андешаҳои худ аз ин услуб фаровон истифода мебарад. Аммо ин услуб танҳо ба шоире даст медиҳад, ки дар зуҳуроти табиат ва рӯзгор ҳамин тасвирҳои шоионаро мушоҳида намудаву дарёфта тавонад ва барои ин диди махсус, назар ва завқи хосса бояд дошт, ки ба шоири мо ин сифатро Худованд, хушбахтона, фаровон додааст. Ва идомаи ғазали мазкур бо ҳар байти худ далели гуфтаҳои мост:

Зи фарёди баланди мурғаки бечора фаҳмидам,
Ба гирди лонаи пурчӯҷа доим мор мегардад.

Кунад бо гурба сагро эҳтиёҷи зиндагонӣ дӯст,
Гаҳи дармондагӣ душман ба душман ёр мегардад.

Зи ҳар як ҳалқаи занҷир оҳанги фано хезад,
Ҳамон чӯбе, ки гарданбанд дорад, дор мегардад.

Бубинед, ки дар тамоми ин байтҳо дар мисраъи аввал сухан ё андеша меояд ва дар мисраъи дуюм тасвири шоиронаи он. Аммо ин андеша ва тасвирҳо ҳама бори маънӣ мебаранд, оҳангҳои андарзӣ ва ишораҳое ба қиссааву ҳикоёт ва таҷрибаҳои рӯзгор доранд.

Тасвирҳое, ки шоир меорад, ҳаётиянд, асоси табии воқеӣ ё илмӣ доранд, ки аз огоҳии шоир ва фарохии андешаи ӯ низ дарак медиҳанд. Ва аз ҳама муҳимаш, ҳар байт як бозёфт, андеша ё мушоҳидаи шоирона дорад, ки ҳадаф аз шеър гуфтан бояд ҳамин бошад:

Зи неку бад чӣ ҷои шикваҳо, дар қолаби боғе
Зи як нам сабз ҳам нахлеву ҳам девор мегардад.

Халал ворид кунад имдод ҳам дар ҷодаи мақсад,
Даво афзун ки шуд, бемортар бемор мегардад.

Муҳаммад мешавад наздик марг аз хӯрдани бисёр,
Барои кишта оби беш ҳам озор мегардад.

Чунин сабк имконият медиҳад, ки дар як ғазал маъниҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, ҳасбиҳолӣ ва ғайра пайи ҳам баён ёбанд. Гумон мекунам, ки сабаби истифода аз сабки ҳиндӣ ё рӯ овардан ба он, рӯ овардан ба шеъри асил, шеъри ҳунар ва шеъри зиндагист, ки доғу дарду сӯзи инсонҳоро бештару равшантар метавонад ифода кунад.

Шоири андеша ва маъниҳои бикр

Бешубҳа, андеша ва маъниҳое, ки шоир дар шеъраш талқин мекунад, вобаста ба мавқеи инсониву шаҳрвандии ӯ мебошанд. Аз ин ҷиҳат, вақте мо ба эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб менигарем, мебинем, ки ӯ мавқеи қавию устувори инсонии худро дорад. Табиист, ки андешаҳову маъниофариниҳои шоир дар шеърҳои кӯтоҳу ихчами ӯ, хусусан дар рубоиёташ бештар зуҳур ёфтаанд. Ӯ дар рубоие мегӯяд:

Ҳарфе, ки расад ба сина мутлақ гардад,
Тире, ки хато равад, муаллақ гардад.
Гуфтӣ, ки ту ҷӯраи манӣ ё аз хирс,
Ман ҷӯраи хирсам, агар ӯ ҳақ бошад.

Андеша чунон баён ёфтааст, ки ба мо эҳсоси бовар мебахшад, ки дар ин маврид мавқеи шоир бе гузашту устувор аст.

Шоир ин мавқеи худро дар рубоии дигар устувортар мегардонад:

Маҳбас нашавад абри ту хуршеди маро,
Селат натавонад бикашад беди маро,
Ҳам аз хасу хор поку ҳам сабз кунад
Оташ заданат пуштаи уммеди маро.

Ин ҷо ҷолиб ин аст, ки дар ҳарду мисоли боло чунон ки хоси қалами Муҳаммад аст, сухан на урёну рӯирост, балки дар перояи образҳо ва таъбир ё суннатҳои мардумӣ баён мешавад ва сухани ӯро таъсирбахштар мегардонад. Мисли таъбири мардумии “ҷӯраи хирс” ва тасвирҳои “маҳбаси абру хуршед”, “селу бед” ва оташ задани “пуштаи уммед”, ки ин оташ задан амалест, ки заминро аз хасу хор покиза мегардонад ва шоир онро барои баёни андеша, тасвирноку муассир омадани шеъраш истифода кардааст.

Дар ин маврид баъзе мисраъҳои Муҳаммад чун зарбулмасал садо медиҳанд, ки гувоҳи сиришта шудани андешаҳои ӯ аз таъбирҳои мардумист:

Дар олами гургчашм мешӣ марг аст,
Мондан ба мақоми синарешӣ марг аст.
Бераҳм ба қадри меҳрубонӣ нарасад,
Бастан ба вуҳуш аҳди хешӣ марг аст.

Дар мавриди боло ҳар чор мисраъ мисли зарбулмасал садо медиҳанд ва маънои бикри андарзиро баён доранд.

Як хусусияти дигари шеъри Муҳаммад Ғоиб ин аст, ки ӯ барои баёни андешаҳояш аз манзараҳои табиат устокорона истифода мебарад. Дар ҳар мисраъ тасвире барои ифшои андешаи шоир хизмат мекунад ва дар маҷмӯъ дар як рубоӣ сурати зиндагии инсон тасвири воқеӣ ёфтааст:

Чун нахли бузург дар ғами реша манам,
Ҳастам сари як пой, гаронпеша манам.
Аз чор сӯ оташ аст, дар беша манам,
Дар олами ихтилофи андеша манам.

Дар ин рубоӣ, илова ба гуфтаи боло, ҳунари аз ҷониби шоир пайванд додани тасвирҳоро бо маъниву андешаҳо ва ҳолатҳои зиндагӣ мебинем.
Айнан ҳамин зуҳуроти андеша ва тасвири шоиронаро дар рубоии дигар низ дармеёбем, ки низ мавқеъдории шоирро нишон медиҳанд:

Сад кӯҳ набандад дили дарёи маро,
Сад рӯд наёбад дили саҳрои маро,
Сад пушта нахоҳад, ки ба гардан гирад,
Бардоштани бори таманнои маро.

Ва дар инҷо низ таносуби сухан дар мисоли пуштаву гардану бори таманно риоя мегардад.

Ба андешаи банда маълумоти физикӣ доштани шоир ба мушаххасгӯиву тасвирсозиҳои ӯ мусоидати мусбат кардаанд.

Муҳаммад Ғоиб шоирест, ки аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон, аз байни мардум баромадааст, аз ин рӯ ӯ на танҳо анъанаву суннатҳо, маросимҳои халқиро хуб медонад, балки ҳамеша намояндаи онҳост, бо дарду ормон, ғаму ғурбати онҳо зиндагӣ мекунад. Инҳо сабаб шудаанд, ки Муҳаммад дар баёни маъниҳои иҷтимоӣ, ибрози камбудиҳои замона ва танқиди боломақомон низ бо ҷуръат сухан кунад:

Рӯсурхият аз кабоби мардум бошад,
Дороият аз ҳисоби мардум бошад.
Сарсабз ҳама замини бигрифтаи ту,
Аз дидаи пур зи оби мардум бошад.

Шоир дар сафи мардум аст ва нигоҳи адолатпарасту ҳамабинаш аз ҷониби халқ ба зуҳуроти рӯз нигаронида шудааст. Ин аст, ки дар баъзе маврид ӯ ошкорову бепарда сухан мекунад, то ба ҳадаф расидани суханаш намоён бошад:

Аз ҳад ту гузаштаӣ, на кам, беш хӯрӣ,
Чун гург сари ҳазору як меш хӯрӣ.
Аз хоки ту гарди роҳ пайдо нашавад,
Одам ту наӣ, фақат ғами хеш хӯрӣ.

Муҳаммад дар рубоиёташ ҳам фаровон аз тасвирсозиҳои сабки ҳиндӣ истифода мебарад. Ин хусусиятро дар анқариб ҳамаи рубоиёти ӯ метавон дарёб кард:

Таркоғази рангхӯрдаро мемонам,
Ойинаи чангхӯрдаро мемонам.
Ғалберсариро на ҳама дарк кунад,
Як оҳани зангхӯрдаро мемонам.

Дар ин маврид вожасозиҳои ӯ низ бадоҳатану табиӣ ба назар мерасад, чунонки дар мавриди боло вожаи ғалберсарӣ ё вожаи козиббасарӣ дар рубоии дигар.

Дар мавриди истифодаи санъатҳои шеъри дар рубоиёт ва аслан дар ашъори Муҳаммад метавон хеле сухан ронд, зеро онҳо аз санъатҳои шеърӣ шодобанд. Дар як рубоии ӯ метавон чандин санъат ва ҳунарро мушоҳида кард. Аз ҷумла дар рубоии зер санъатҳои: таносуби сухан, тазод, муқобила, ташбеҳу истиора, киноя хеле табииву муассир истифода шудааст:

Пастии туро баландномӣ ҳавас аст,
Мақсуди ту шаҳду иштиҳоят магас аст.
Фахрӣ, ки ту бо бузургҳо ҳамқадамӣ,
Ин ҳамқадамӣ ба соя ҳам дастрас аст.

Фарзанди замони хеш

Вақте ки мо дар мавриди шоирони ватансаро сухан мегӯем, номи Муҳаммад Ғоиб дар қатори аввалинҳо бояд ба забон оварда шавад. Зеро Муҳаммад аз зумраи он шоироне аст, ки дар замони эҳёи навини Тоҷикистон дар сафи онҳое буд, ки шеърашон дар худшиносии миллӣ, ангезиши эҳсосоти баланди ватандӯстӣ, дар раҳнамоӣ ба ягонагиву бунёди Ваҳдати миллӣ саҳми бориз гузоштааст. Баъзе сатрҳои шеърҳои ватандӯстонаи ӯ бадоҳатан ба шиору сурудҳои мардумӣ табдил ёфтаанд, аз қабили: “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!”, “Тоҷикистонро дигар бояд кунем!”, “Дунёи нангу ор манам — ориёиям” ва бисёри дигар, ки пайваста аз саҳнаҳои гуногун садо медиҳанд ва мардумӣ шудаанд.
Гумон мекунам таҳлил ва баррасии ашъори ба мавзуи Ватан, муқаддасоти миллӣ ва Ваҳдати миллӣ бахшидаи Муҳаммад, ангезишҳои ватандӯстонаи онҳо ва нақши боризашон дар худшиносии миллӣ мавзуи мақолаи алоҳидаи ҷидии дигар аст.

Дар ин маврид, яъне дар мавриди мавқеи устувори ватандорӣ ва шаҳрвандӣ низ шоир бо бовар ба худ ва дили пур бисёр равшану возеҳ гуфтааст:

Мо дар сафи нанг пеш ҳастем, бас аст,
Дар ҳавсала низ беш ҳастем, бас аст.
Дар гардани мо адои қарзи Ватан аст,
Фарзанди замони хеш ҳастем, бас аст.

Ин ҷо “бас аст”, маънои “дигар аз мо талаб накунед” — ро надорад, балки маънои “аз ин беш талаб надорем, ҳамин ғояти хушбахтии мост” -ро дорад. Яъне барои шоир баландтарин подошу ҷоиза ҳамин аст: адои қарзи Ватанро доштан ва фарзанди замони худ будан.

Агар сухан аз хоксориву фурӯтанӣ равад, Муҳаммад Ғоиб воқеан аз назарҳо ғоиб аст, ба он маъно, ки қаноатпеша аст, ҷилои ман – манӣ ва бузургманишӣ надорад. Аммо агар сухан аз шеъру ҳунари шоирӣ равад, Муҳаммад Ғоиб пайдост, яъне дар сухан ҳузури дурахшон дорад. Аз ин рӯ ин навиштаи кӯтоҳи худро бо чанд мисраъ, ки қаблан гуфта будам, хотима мебахшам:

Бо он ҳама хоксорие, ки дорад,
Боло шуда дар сухан Муҳаммад Ғоиб.
Дар ҳозиру дар ғоиби ӯ мегӯям:
Пайдо шуда дар сухан Муҳаммад Ғоиб.

Ин шеърро камина ба ифтихори умри пурбаракати Муҳаммад Ғоиб эҷод намудаам, ки дар охир манзур мешавад:

ҲАМА НЕКӢ, ҲАМА ПОКӢ

Ҷаҳон сад бор дигар шуд, Муҳаммадҷон нашуд дигар,
Ҳама некӣ, ҳама покӣ, ҳама заҳмат, ҳама бовар.

Бигӯям раҳматаш сад бор, к-ӯ аз роҳи раҳм ояд,
Ҳамеша дар сари шафқат, дили пурдарду чашми тар.
На, ғоиб нест ӯ ҳаргиз, ба майдони сухан пайдост,
Ба тан пероҳани ҳикмат, ба рӯ аз хайрхоҳӣ фар.

Ба ҳар навъи ҳунар дорад дурахшон дастоварде,
Худо додаст табъеро, яке аз дигаре хуштар.

Рубоиҳои пандомез, ғазалҳое пур аз ҳикмат,
Сурудаш дар забони родмардони ватанпарвар.

Китобаш тифлакон хонанду шеъраш кӯдакон донанд,
Намоишномаҳову қиссаҳояш беҳ зи якдигар.

Аз ӯ доротаре дар байни дороён намебинам,
Чу дорад ӯ суханҳое, ки қиматтар бувад аз зар.

Таҳорат медиҳад дар оби чашмаш рӯҳи покашро,
Ба ихлоси Худованду ба ишқи Меҳану кишвар.

Муборак бод фатҳи қуллаи ҳафтод, баъд аз ин,
Аминам, мебарад ихлоси имонаш ба болотар.

Бувад ӯ сарвари меҳансароёни Ватан, ҳаққо,
Ки дорад як сари боло зи меҳри Меҳану Сарвар.

Ҳамеша дор дар ҳозир Муҳаммад Ғоиби моро,
Ки ҷуз одампарастӣ нест ӯро ҷазбаи дигар.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 16, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои сари вақт таҳия намудани лоиҳаи Дурнамои нишоҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 тадбирҳои зарурӣ меандешад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Он ба ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор равона гардидааст
БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН. Таҳияи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба баланд гардидани савияи дониши хонандагон мусоидат менамояд
ПЕШНИҲОД БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶАҲОН. Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар СММ
«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 муайян шуданд
ЗАБОН- ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид
«БИШНИД ҶАҲОН ЗАБОНИ ТОҶИКИРО…». Эҳдо ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва ҳомии он- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ДАВЛАТМЕҲВАРИ ЗАМОН ВА ҲОМИИ СУЛҲИ ҶАҲОН
«ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имрӯз ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ мешаванд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад