Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Давлату Ҳукумат қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд»

Март 7, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар иброз намуданд, ки бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар далели он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи мамлакати мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд.

Таъкид гардид, ки тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд.

«Ин мавҷуди муқаддас давоми умри худ бори гарони зиндагӣ ва тамоми вазниниҳои рӯзгорро аз тарбияи фарзанд сар карда, то танзиму сариштаи ҳаёти оила ба дӯш дорад ва илова бар ин, дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаву давлат ва иҷрои вазнинтарин корҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату сохтмону кишоварзӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона иштирок меварзад», — илова намуданд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, бо назардошти он ки занону духтарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додаанд.

«Ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону духтарон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имконияти мусоид барои амалӣ гардидани иқдоми неку ободгаронаашон натиҷа ва баёнгари ҳамин сиёсат мебошад», — ишора намуданд Пешвои миллат.

АКС аз бойгонӣ

Март 7, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд