Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Март 24, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 24.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Пешвои миллат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум карда, таъкид намуданд, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.

Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуданд.

Сарвари давлати мо дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Федератсияи Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, рағбати худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ намуданд.

Дар ин замина аҳаммияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо байни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо таъкид гардид.

Март 24, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд