Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.
Пешвои миллат дар оғози суҳбат муҳтарам Осиф Алӣ Зардориро дар робита ба интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва дар фаъолияти давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии ду давлат, ки бар арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, инчунин анъана ва усулҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд.
Сарвари давлати мо фаъолона идома додани муколамаи байнидавлатиро ба нафъи таҳким ва тавсеаи равобити ҳамаҷониба арзёбӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон даъват намуданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал орад.
Дар фарҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талошҳои амалии муштарак ҷиҳати бо муҳтавои нав ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон изҳори умед намуда, ба Покистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда орзу намуданд.








Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд






