РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Аксбардори АМИТ «Ховар» шодравон Мақсудҷон Муҳиддинҷонов бо касбияти баланд дар ин соҳа маъруф шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 11 март дар Тоҷикистон аҳли қаламу сухан Рӯзи матбуоти тоҷикро ҷашн мегиранд. Давоми беш аз 32 соли Истиқлоли давлатӣ, ки Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, кормандони соҳаи табъу нашр ва матбуоти мамлакат ҳамеша ба он мекӯшанд, ки тавассути иттилоот моҳияту аҳамияти истиқлолиятро ба мардум фаҳмонанд. Дар ин самт нафароне ҳастанд, ки на танҳо ба сухан, балки тавассути навору аксҳои ҷолибу диданӣ низ дар рушди матботи тоҷик саҳм гузоштаву мегузоранд. Яке аз онҳо аксбардори АМИТ «Ховар» шодравон Мақсудҷон Муҳиддинҷонов аст, ки ҳамзамон солиёни зиёд дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Мақсудҷон Муҳиддинҷонов давоми солҳои фаъолият симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ва манзараҳои дилрабову мардумони дорои таъриху фарҳанги бойи онро тавассути равзанаи дастгоҳи аксбардорӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Аксҳои ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар давлатҳои дуру наздики ҳамсоя низ маъруфияти хосса пайдо намудаанд. Яке аз аксҳои таърихию машҳури суратгир — акси «Дуои Модар» мебошад, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва модари бузургворашон инъикос ёфтаанд, ки бинанда аз тамошои он як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардошта, симои модари худро пеши назар меорад. Ба ин монанд расмҳои таърихии маҳсули эҷоди Мақсудҷон Муҳиддинҷон хеле зиёд мебошанд. Аз ин бойгонӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.
Мақсудҷон Муҳиддинҷонов солҳои зиёд дар ҳайати Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси суратгири шахсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият дошт.
Мавсуф ба ин пешаи шавқовар ҳанӯз аз овони мактабхонӣ рағбат доштааст. Муҳаббати беандоза ба аккосӣ тақдири ӯро ба ин санъати дар ҷаҳон маъруф умрбод пайваст намуд. Соли 1977 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Саратови Федератсияи Русия ӯ ба Агентии телеграфии Тоҷикистон «Тоҷик ТА» ба ҳайси муҳаррири шуъбаи мусаввирӣ ба кор омад. Баъди муддати начандон дарози фаъолият дар ин даргоҳ Мақсудҷони ҷавон ба хулосае расид, ки тавассути дастгоҳи аксбардорӣ ва дилбастагие, ки ба ин пеша дорад, метавонад ба ҷомеа бештар хизмат намояд.
Ӯ беш аз 40 сол дар ин даргоҳ ба ҳайси мухбири суратгир фаъолият намуд. Дар ин муддат аз суратгири одии «Тоҷик ТА» то ба мақоми суратгири шахсии Сарвари давлат расид. Албатта, роҳи тайнамудааш дар ин муддат тахту ҳамвор набуд. Аз як тараф кори шабонарӯзӣ, сафарҳои хизматии пайи ҳам, лаҳзаҳои пурҳаяҷони аксбардорӣ дар ҷамъомадҳои дохиливу байналмилалӣ, сари вақт ва босифат омода намудани аксҳо… Аз ҷониби дигар оила, масъулияти тарбияи фарзандонро бар дӯш доштан, дар ғаму шодии хешовандон шарик шудан ва дар ин рӯзҳо дар канори онҳо будан …
Мақсудҷон Муҳиддинҷонов 26 майи соли 1950 дар Тоҷикистон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1977 Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратови Федератсияи Русияро бо ихтисоси филолог-муаллими забони русӣ хатм намудааст.

Мавсуф солҳои зиёд ба ҳайси шогирди рассоми комбинати хизмати маишии ноҳияи Фархор, мухбир-суратгири рӯзномаи «Гулистон»-и ноҳияи Фархор, мураббии хобгоҳи Техникуми геологии Тоҷикистон, мудири шуъбаи сурат-ахбори ТоҷикТА, сармуҳаррири редаксияи «Фотохроника»-и ТоҷикТА, мухбир-суратгири рӯзномаи Тоҷикистон, мухбир-суратгири Маркази иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи иттилоотии мусаввирӣ дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Хизматҳои Мақсудҷон Муҳиддинҷонов бо медали «Хизмати шоиста» ва Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов моҳи августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Тамоми аксҳои гирифтаи аккос саршори рангҳову пурмуҳтаво мебошанд. Акнун ёди некаш тавассути аксҳои ҷолибу диданӣ ва маъруф ҳамеша дар хотири ҳамагон боқӣ мемонад. Онҳоро метавон беохир тамошо намуд. Дар сукунати он аксҳо эҳсосу андешаҳо ба таври амиқ инъикос гардидаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст






