САНО БА ЗАН-МОДАР. Дар ноҳияи Дарвоз Рӯзи Модарро бо тантана таҷлил намуданд

Март 8, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ ва барномаи бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад. 

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон мебошад. Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорӣ ҳастанд, чунки сарчашмаи зиндагӣ ва файзбахши меҳру сафои зиндагӣ мебошанд.

Таъкид шуд, ки дар шароити вусъат пайдо намудани таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризму экстремизм ва ифротгароӣ, ки ба падидаи ташвишовар табдил ёфтаанд, модарон метавонанд бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модарона наврасону ҷавононро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир эмин доранд ва нагузоранд, ки фарзандони бо ҳазор ранҷу заҳмат парвардаи онҳо бадкирдору бадбахт шаванд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётӣ медонад.

Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи Модар аз тарафи раиси ноҳия як зумра модарони собиқадор барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар рушду нумуи ноҳия ва тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

Як гурӯҳ хонандагон низ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои мактабӣ ва ҷамъиятӣ, озмуну олипиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

 

Март 8, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз олимпиадаҳо 2 ҳазору 447 медал ба даст оварданд
10 феврал дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Форуми ОИҲ: назари нави МегаФон Тоҷикистон ба HR ва идоракунӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад