Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад

Март 25, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 25.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва талаф наёфтани он сардхонаҳои муосир нақши муҳим доранд. Охири соли 2023 дар деҳоти «Файзи Истиқлол»- и ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Агро Саноат» мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он имкони дар шароити хуб нигоҳубини то 2 ҳазор тонна меваю сабзавот мавҷуд мебошад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Минбаъд аҳолии ин деҳа ва ноҳия имкон доранд, ки дар ин сардхона тариқи шартнома меваю сабзавоти худро нигоҳ доранд.

Солҳои пеш аз сабаби набудани шароити нигоҳубин қисме аз маҳсулоти бо заҳмат рӯёндаи онҳо талаф меёфт.

Сардхона ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, масоҳати дохили он дар ду марҳила беш аз 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил намуда, дар умум дар он зиёда аз 4 ҳазору 500 тонна меваю сабзавотро ҷойгир кардан имкон дорад.

Масоҳати умумии ҳудуди сардхона 5 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил намуда, он бо дастгоҳҳои худидорашавандаи замони муосир муҷаҳҳаз шудаст.

Дастгоҳҳои замонавӣ аз кишварҳои Туркия ва Италия ворид гардида, ҳарорати дохили сардхонаро аз 5 дараҷа гармӣ то 10 дараҷа хунукӣ нигоҳ медорад. Чунин шароит имкон медиҳад, ки меваю сабзавот тару тоза ва бо сифати аъло нигоҳ дошта шавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали иншооти мазкур беш аз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 25, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад