Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи занон-модарон барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботи комил миннатдорӣ баён намуданд

Март 7, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 00.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар ба ҳамаи занон-модарони мамлакат барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва рушди давлати тоҷикон миннатдории самимӣ баён намуданд.

«Мо худ шоҳиди зиндаи хизматҳои шоёни занон-модарон дар мушкилтарину сангинтарин рӯзҳои таърихи давлату миллати тоҷик, яъне замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳастем, — ёдовар шуданд Пешвои миллат. — Онҳо сиёсати пешгирифтаи моро бо сабру таҳаммул ва самимияту садоқат дастгирӣ намуданд, ки ҳаргиз фаромӯш намегардад».

Ҳамчунин бо эътимоду эҳтиром Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки занону духтарон баробар бо мардон боли парвози ҷомеа ва неруи ҳаракатдиҳандаи давлат ба сӯи ояндаи ободу осуда мебошанд.

Бинобар ин, таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳарчи бештар инкишоф додани қобилияти занону духтарон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

АКС аз бойгонӣ

Март 7, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон