СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо намояндагони мақомоти прокуратура мулоқот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони мақомоти прокуратураи минтақа ва шаҳри Кӯлоб бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Намояндагони прокуратура мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 аз масъулин, хосса муассисаҳои соҳаи маориф амалӣ намудани силсилачорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, озмуну олимпиадаҳо, тарғибу ташвиқи васеи асосҳои конститутсионии давлат ва қонунгузории миллиро тақозо менамояд. Зеро дар амалигардонии фаъолияти бисёрҷанбаи маърифати ҳуқуқӣ низоми маориф нақши асосӣ дорад. Ҳадаф аз он ташаккули асосҳои назариявии шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тафаккури ҳуқуқӣ, инчунин густариши ҷаҳонфаҳмии илмии ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намудани талаботи ҳуқуқӣ мебошад.
Дар ҷамъомад ҳозирин даъват шуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳм гузоранд ва бо тамоми зуҳуроти номатлуб ва номақбули ҷомеа оштинопазир бошанд.
Таъкид гардид, ки барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва бо таълиму тарбияи дуруст, садоқату эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ва худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расонидани насли наврасу ҷавон моро зарур аст, ки бо омӯзиши амиқи таърихи гузашта ва фарҳанги пурғановати ниёгонамон дар пешбурди сиёсати Ҳукумати мамлакат саҳм гузорем.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






