ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 март, чоршанбе, 73-юмин рӯзи соли 2024 аст

Март 13, 2024 08:00

13 марти соли 2007 хатсайри нави ҳавойии Урумчӣ–Хуҷанд–Урумчӣ ифтитоҳ шуд.

 ***

13 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе намояндагии Институти фарҳанги Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Протокол ба Протоколи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

 ***

13 марти соли 2013 дар Бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд.

***

Соли 2016 дар низоми бонкдории Тоҷикистон бонки нав – Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.

***

13  марти соли 2020 Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

***

13 марти соли 2021 дар Тоҷикистон се ширкати нави сайёҳӣ — «Рангоранг тур», «Ориён Тур» ва «Чор кӯҳ» вориди бозори сайёҳӣ гардид.

***

13 марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

 Толиб  Шаҳидӣ- соли  1946 — композитор, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Март 13, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш