Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ

Март 15, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин вохӯрии самимӣ ва суҳбати озоду ошкорои сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, ки дар он тарбияи ватандӯстӣ омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ номида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат.

Сардори мақомоти милитсияи вилоят иброз намуд, ки саҳм гузоштан дар ободиву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани давлати азизамон -Тоҷикистон аз ҳар ҷавони худогоҳ ва донишҷӯи заковатманд вобастагии калон дорад.

Бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир сардори мақомоти милитсияи вилоят ҳозирин, махсусан донишҷӯёнро даъват намуд, ки бетарафӣ накарда, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои халалдоркунандаи тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон бо мақомоти милитсия ҳамкории зич намоянд. Гуфта шуд, ки маҳз дар ҳамбастагӣ бо тамоми институтҳои шаҳрвандӣ метавон волоияти қонун ва назму тартиботро дар ҷомеа таъмин намуд.

Дар қисмати дигари мулоқот як зумра донишҷӯёну устодони ин донишгоҳ сухан гуфта, баҳри пешгирии кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок таклифу пешниҳодҳои муфид намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода оид ба ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти милитсияи вилоят бо маъмурияти ин муассисаи олӣ, иқдоми ин мақомот ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ, таъсиррасонии ҳуқуқӣ ва баргузории вохӯриву суҳбатҳои судманд изҳори назар намуд. Ӯ гуфт, ки чунин вохӯриҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Март 15, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд