«TASHKENT GRAND SLAM». Ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ба даври финалӣ баромад

Март 1, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2024» оғоз гардид, ки дар он 14 варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ба даври финалӣ роҳ ёфт. Барои баромадан ба финал Эмомалӣ Нуралӣ бар Мартин Сетс аз Олмон, Уиллис Гарсиа аз Венесуэла, Кубаничбек Айбек уулу аз Қирғизистон ва Яго Абуладзе аз дастаи варзишгарони фардии бетараф пирӯз шуд.

Дар финал варзишгари тоҷик бо ҷудочии исроилӣ Барух Шмаилов барои медали тилло рақобат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи аввали мусобиқа барои Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) ва Ҳақдод Гулов (60 кг) бе натиҷа анҷом ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Роғунро паҳлавонҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон сазовор шуданд
ФУТБОЛ. Қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад
Ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар чемпионати Осиё ба Тайиланд сафар намуданд
Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар иштирок менамояд
Ҳайати паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо соҳиби 27 медал гардиданд
Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Ваҳдатро Сомон Аламов ва Ғазалшои Давлатшо сазовор шуданд
Ғолибону ҷоизадорони 15-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуданд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад