Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад. Дар ин хусус дар мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад бо сардори Сарраёсати назорати муомилоти маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Иван Горбунов, ки дар шаҳри Вена баргузор шуд, иброз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар додаанд, дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба ҷониби Русия барои ҳамкории мутақобилан судманд дар татбиқи Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат дар муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо изҳори сипос карда шуд.
Сардори Сарраёсати назорати муомилоти маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳамкориро бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор 14 март оғоз ёфта, то 22 марти соли 2024 идома меёбад ва дар ҳошияи он чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои дуҷониба баргузор мегарданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






