«ТОҶИКИСТОН-ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон-пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва олимону муҳаққиқон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, конференсия бо ташаббуси Анҷумани «Занони пиряхшинос»-и Маркази омӯзиши пиряхҳо дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи кор бо ҷавонони «АТОМ»-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ доир шуд.
Ҳадафи он аз тарғибу ташвиқи ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», иттилоотонидани хонандагон оид ба ҳолати пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ ва ҷалб намудани хонандагон ба соҳаи илми пиряхшиносӣ, тавзеҳи таъсир ва алоқамандии радиатсия ба тағйирёбии иқлим, муҳити зист ва инсон иборат буд.
Иброз гардид, ки ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо дастгирии дастҷамъонаи аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, тақозо ва фахри имрӯзаи мардуми тоҷик мебошад. Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми мамлакатҳои сайёра ба шумор рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ зиёд аст.
Дар конференсия озмуни «Иншои беҳтарин», ки аз ҷониби Анҷумани «Занони пиряхшинос» дар мавзуъҳои «Пешвои миллат ва ташаббусҳои он дар ҳифзи пиряхҳо», «Ман ифтихор аз сарзамини пиряхҳо дорам» ва «Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи Ватан аст» барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва саҳми хонандагон дар пешрафти сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо эълон шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки Анҷумани «Занони пиряхшинос» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар мавзуи «Саҳми арзандаи Пешвои миллат дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо» дарсҳои кушод доир намуд.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






