ТО МАРДИ НАКУ БИПАРВАРӢ ДАР ДОМАН. Андешаҳои профессор Фарангис Шарифзода оид ба ҷойгоҳи зани тоҷик давоми таърих

Март 8, 2024 15:44

ДУШАНБЕ, 08.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин ба унвони АМИТ «Ховар» аз номи занони гуногункасб оид ба нақши занон-модарон дар соҳаи илм, тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар бахшҳои хоҷагии мамлакат мақолаҳо ворид мешаванд. Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Фарангис Шарифзода оид ба ҷойгоҳи зани тоҷик давоми таърих мақола ирсол намудааст, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.

Баррасии ҷойгоҳи зан дар густураи жарфи таърих аз ду зовия амалӣ мешавад: аз назари ҷинсият (gender) – шакли иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равоншинохтӣ ва нишон додани тафовут байни мардон ва занон; аз лиҳози қудрат (authority) — қудрат/иқтидор, ки бартарии иҷтимоӣ дар ҷомеа аст.

Зан зеботарин вожаи офариниш, муассиртарин омили солимии ҷисмиву равонии фарзанд, ҳамсар ва ҷомеа аст. Тахминан даҳ ҳазор сол пеш аз мелод занон нигаҳбони оташ буданд. Занон дар ҳазораҳои VIII-VII пеш аз мелод дар умури зиндагӣ вазифаҳои гуногунро иҷро намуда, ба мақоми илоҳӣ расида, ҳамчун намод парастиш мешуданд. Баъдан, дар ҳазораи панҷуми пеш аз мелод занон корҳои сафолгарӣ, бофандагӣ ва кишоварзиро анҷом медоданд. Дар ҳазораи дувуми пеш аз мелод мевачинӣ, домпарварӣ аз вазифаҳои хонадории занон маҳсуб мешуд.

Зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард ва аз неруи шигифтангезе бархурдор буд, зеро дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ расонида буданд, ки мавҷудияти эзадбону Аноҳито далели ин гуфтаҳо аст. Аноҳиторо эзадбонуи (худои) обҳои ҷаҳон, илоҳаи ҳосилхезӣ ва борварӣ мешумурданд ва дар Яшти панҷуми Авесто — Ардвисур Аноҳито яшт (обон яшт) парастиш шудааст….

Дар даврони Ҳахоманишиён вазифаҳои занон маҳдудтар шуд, аммо мақоми онҳо дар умури сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳамчунон боқӣ монд. Ёдгориҳои лавҳаҳои гилини девонии Тахти Ҷамшед аз нақши пуррангу муассири занони хонадони салтанатӣ, ба мисли маликаҳо Ртастана, Апокиш, Отусо духтари Куруши Кабир – ҳамсари Дориюш, амлоку коргоҳҳои бузургро идора кардани онҳо ёдовар мешаванд. Тибқи нигораҳои ин лавҳаҳо, дӯхти либос, яъне дӯзандагӣ ба зиммаи занон вогузор шуда буд. Дастмузди занону мардон баробар буда, зан метавонист барои таваллуди кӯдак мураххасӣ гирад. Лавҳаҳои гилини Тахти Ҷамшед аз мақоми зан дар замони ҳукмронии Дориюши бузург ва назир надоштани он дар байни дигар мардумони ҷаҳони бостон нишон аст.

Замони салтанати Сосониён иқтидори сиёсиву иҷтимоӣ бар дӯши мардон буд, ки шукуҳу шаҳомату эътибори мардони ин сулоларо метавон дар осори гузашта, ба монанди «Таърихи Табарӣ» дид, аммо дар радифи мардони қудратманд занон ҳам ба сари қудрату салтанат омада, аз худ номи нек бар ҷой мондаанд. Аз ҷумла маликаи сосонӣ Пурондухт – духтари Хусрави Парвиз нахустин шаҳбонуи зан аз соли 630 то соли 632 мелодӣ ва пас аз ӯ хоҳараш Озармидухт дар Эрон ҳукумат намудаанд ва дар умури роҳбариву давлатдорӣ муваффақ буданд. Бино бар қавли шаҳбону, «нияти хайр дорам ва бар адолат фармон медиҳам». Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ адолатхоҳии Бурондухт чунин тавсиф шудааст:

Чунин гуфт пас духти Пурон, ки ман

Нахоҳам парокандани анҷуман.

Касеро, ки дарвеш бошад зи ганҷ,

Тавонгар кунам, то намонад ба ранҷ.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадру манзалати занон дар ҷомеаи мустақили миллӣ ва иштироки онҳо дар умури хонаводагиву иҷтимоии ҷомеа равона гардид ва пайиҳам қонунҳои зарурӣ ба тасвиб расиданд. Чунончӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030),  Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 тасдиқ шудааст.

Тавре ки мебинем, бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ амалӣ шуданд. Бешак, ин талошҳо самараи нек доданд ва хираду заковати афроди ҷомеа ва таҷрибаи андӯхтаи рӯзгор ба мақом ва мартабаи Зан — Модар шакли устувори меъёрии ба ҷомеи тоҷик муносибро нисбат додааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 чунин гуфтанд: «Мо тасмим гирифтаем, ки ҷалби занонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо ҳамчунин ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия менамояд ва ба камол мерасонад».

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо афроде ҳастанд, ки ба зан ҳамчун ҷинси дуюм назар менамоянд ва бояд ҷомеа ба самте равад, ки ин нигоҳро тағйир диҳад. Албатта, занони тоҷик дар бахшҳои мухталифи ҷомеа нақшҳои муассире иҷро намудаанд ва минбаъд ҳам бояд талош бикунанд, то дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок намуда, нақши пурранг дошта бошанд.

Зан бояд дониш, истиқлоли фикриву иқтисодӣ дошта бошад, то эътимод ба худаш боло равад ва дар корҳои хонаводаву ҷомеа ибтикору иқтидори бештаре дошта бошад, зеро зани босавод на танҳо як хонавода, балки як ҷомеаро бомаърифат менамояд. Занон сангинтарин масъулият – тарбияти хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд.

Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд, зеро ниҳоди муқаддаси хонавода рукни асосии бунёди ҷомеаи солим аст. Агар чунин набошад, бахши зиёде аз ҳувияти иҷтимои инсонӣ нобуд мешавад.

Қолаби суннатии хонавода дар ҷомеаи мо, ки дар он падар коргар асту модар хонадор, тағйир накардааст, аммо ин қолаби хонавода ниёз ба мушорикат ва баробарӣ дорад. Зани асри ХХI мутаваҷҷеҳ мешавад, ки барои хушбахтии худ ва хонаводааш бахшҳои аслии зиндагиаш – хонавода ва кори иҷтимоиро бо ҳам таркиб намояд.

Шеъри шоираи маъруф Фурӯғи Фаррухзод паёми возеҳу равшан баҳри пешрафту шукуфоии занон дар хонаводаву ҷомеа аст.

Аз баҳри ҳуқуқи хеш мекӯш, эй зан,
Бинмой зи иффату шараф ҷома бар тан.
Аз илму ҳунар вуҷуди худ зинат кун,
То марди наку бипарварӣ дар доман.

Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Март 8, 2024 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВОРИСОНИ ШАШМАҚОМ». Бахшида ба Рӯзи шашмақом китоби нав нашр гардид
МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Рамзи фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» омода гардид
Ёдгории бостонии «Тахти Шоҳӣ» бозгӯи он аст, ки ин мавзеъ аз қадим макони зисти тоҷикон будааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин