ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ҷавонон аз рӯйи 5 ихтисос касб меомӯзанд

Март 10, 2024 14:20

КӮЛОБ, 10.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии  таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ» ҷавондухтарону ҷавонписарон аз рӯйи ихтисосҳои тракторчӣ,  мошиначӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ, дӯзанда, муҳосиб, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Тавре директори муассиса Саидмукаррам Гулов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар муассиса ба хонандагон  касбҳои муҳим ва ба шароити имрӯза ҷавобгӯ омӯзонида мешаванд.

Гуфта шуд, ки дар айни замон дар муассиса 289 хонанда ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо 35 омӯзгори соҳибтахассус касбҳои коргарӣ меомӯзанд.

Саидмукаррам Гулов дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки барои таҷриба гирифтани хонандагоне, ки аз рӯйи касбҳои тракторчӣ барои  истеҳсолоти кишоварзӣ таълим мегиранд, дар муассиса 4 трактор дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад. Инчунин барои таҷрибаи истеҳсолӣ дар тобеияти муассиса 129 гектар замин мавҷуд мебошад.

Ххонандагоне, ки муассисаро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ шуда, аз рӯйи касбҳои омӯхтаашон дар дилхоҳ ҷой ба кор қабул мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 10, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид