ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ҷавонон аз рӯйи 5 ихтисос касб меомӯзанд
КӮЛОБ, 10.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ» ҷавондухтарону ҷавонписарон аз рӯйи ихтисосҳои тракторчӣ, мошиначӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ, дӯзанда, муҳосиб, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Тавре директори муассиса Саидмукаррам Гулов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар муассиса ба хонандагон касбҳои муҳим ва ба шароити имрӯза ҷавобгӯ омӯзонида мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар айни замон дар муассиса 289 хонанда ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо 35 омӯзгори соҳибтахассус касбҳои коргарӣ меомӯзанд.
Саидмукаррам Гулов дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки барои таҷриба гирифтани хонандагоне, ки аз рӯйи касбҳои тракторчӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ таълим мегиранд, дар муассиса 4 трактор дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад. Инчунин барои таҷрибаи истеҳсолӣ дар тобеияти муассиса 129 гектар замин мавҷуд мебошад.
Ххонандагоне, ки муассисаро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ шуда, аз рӯйи касбҳои омӯхтаашон дар дилхоҳ ҷой ба кор қабул мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зехни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) иштирок намуд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
Дар Душанбе Форуми наврасони асри технология идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хотири ба Ватан баргардонидани қисмате аз хоки оромгоҳи қаҳрамонон ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026-2027. Зиёда аз 6 ҳазор довталаб барои дарёфти он дар даври сеюми озмун иштирок мекунанд






