15 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГӢ. Ҳадафи он ташаккул додани маърифати экологии аҳолии сайёра аст

Апрель 15, 2024 14:38

ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 апрел барои дӯстдорони табиат Рӯзи ҷаҳонии донишҳои экологӣ маҳсуб мешавад. Ин сана соли 1992 дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия доир гардид, эълон шуд. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ ва огоҳ намудани ҷомеа аз ҳолати экологӣ мебошад.

Муассир будани донишҳои экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб мешавад, зеро фаъолият дар пешбурди маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсоният мебошад.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита- ин пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ва таъмини иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатию соҳавӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ тарбияи маърифати экологӣ буда, дар солҳои Истиқлоли мамлакат ду барномаи давлатӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Тоҷикистон равона шудаанд, амалӣ гардид. Яке аз онҳо «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мебошад. Ҳадафи барнома ба рушди низоми бефосилаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ нигаронида шудааст. Барнома барои тарбияи инсоне, ки муҳимияти мушкилоти муҳити зистро дарк мекунад ва дорои дониш, маҳорат ва малакаи зарурӣ буда, барои аз ҷиҳати экологӣ дуруст ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат зарур мебошанд, пешбинӣ шудааст. Бо мақсади татбиқи ин барнома ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа соли 2023 аз ҳисоби Кумита ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 1064 Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита гузаронидани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ, хусусан тарғиби донишҳо ва маърифати экологӣ буда, зимни фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита тавассути шабакаҳои телевизионӣ 799 ва радио 460 гузоришу барномаҳо пахш шуда, инчунин дар нашрияҳо 414 мақола доир ба масъалаҳои экологӣ нашр гардиданд. Байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла ташкилоту корхонаҳо, истифодабарандагони табиат, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёна ва олӣ 130 ҳамоишу конфронс ва 3811 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуданд, ки дар тарғиби донишҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар байни аҳолӣ нақши муҳим гузоштанд.

Рӯзи донишҳои экологӣ на танҳо ба шахсоне, ки ба омӯзиши маърифатӣ экологӣ машғуланд, мансуб аст, балки он ба ҳамаи шаҳрвандон тааллуқ дорад, зеро беҳдошти муҳити зист ояндаи ҷомеаи солим мебошад. Ҳар қадар аҳолӣ аз лиҳози экологӣ бомаърифат бошад, ҳамон қадар ҷомеа ба комёбиҳо муваффақ гардида, муҳити зистамон ободу зебо ва тоза мегардад.

Соли 2010 Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»-ро қабул намуд. Ин қонун принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ваиқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад. Фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа бо донишҳои умумии экологӣ, мусоидат ба ташаккули тарбия ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи инсон, аҳли ҷомеа ва муҳити зист, ташаккули шахси ҳаматарафа рушдёфта аз ҳадафҳои асосии ин қонун мебошанд. Вазифаҳои қонун аз таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба рушди донишҳои экологӣ, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ ва ғайра иборат мебошад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш доданд, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд. Ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат саривақтӣ ва муҳим буда, дар ташаккул ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинони мамлакат нақши муассир мегузорад.

Ҳамзамон Сарвари давлат иброз доштанд, ки «таъмини зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон мулки обод мерос гузорем. Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирии харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ буданамонро ба ҷаҳониён собит намоем».

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 15, 2024 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард