20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад

Апрель 18, 2024 08:21

ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел аз соати 08:00 то 11:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ – Ҳофизи Шерозӣ то дидбонгоҳи Чорбоғ ва аз дидбонгоҳи Чорбоғ ба тариқи хиёбони Рӯдакӣ то майдони «Дӯстӣ» тибқи хатсайри замимагардида манъ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади баргузории Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе, ки ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир мешавад, қатъ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар  мамлакат  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад