Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа тавсеа меёбад

Апрель 4, 2024 16:54

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /НИАТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева  Шараф Шерализода бо директори генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа Дорин Богдан Мартин мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо  масъалаи  тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа, аз ҷумла  дар соҳаҳои  технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, инноватсия, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар самтҳо  мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2024 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард