«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд

Апрель 17, 2024 14:42

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар ноҳияи Файзобод  бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ, духтарону занони  фаъоли ноҳия ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Ҳадафи ҳамоиш баланд бардоштани донишҳо ва маърифати молиявии аҳолӣ, хусусан дар самти хизматрасонии бонкӣ мебошад.

Дар ҳамоиш мутахассисони Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо рӯнамо дар мавзуи «Замимаи барномаи мобилии «Амонат-мобайл» ва «Кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои пардохтҳои ғайринақдӣ» сухан намуда, ба иштирокдорон доир ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиши омӯзишӣ ба намуди хизматрасонии бонкӣ мароқ зоҳир намуда, ба саволҳояшон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамзамон бо мақсади ҳавасманд намудани иштирокдорони ҳамоиш ба онҳо туҳфаҳо бо рамзи «Амонатбонк» тақдим гардид.

Дар идома иштирокдорони ҳамоиш дар бинои хуштарҳу замонавии филиали №16-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод бо мутахассисони «Амонатбонк» суҳбат намуданд. Ба онҳо оид ба амалиёт ва хизматрасонии бонкие, ки дар ин филиал ба мизоҷон пешниҳод мешаванд, маълумот дода шуд.

АКС: «Амонатбонк»

Апрель 17, 2024 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд