Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд

Апрель 17, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали  Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат дар Форуми ҷавонони Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ таҳти унвони «Тақвият додани Рӯзномаи 2030 ва аз байн бурдани камбизоатӣ дар замони буҳронҳои гуногун: татбиқи самараноки рушди устувор, роҳҳалҳои пойдор ва инноватсионӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали  Муттаҳид хабар медиҳад.

Ҷонибек Ҳикмат таъкид намуд, ки Тоҷикистон мамлакати ҷавонон аст ва бо назардошти саҳм ва нақшашон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат онҳо дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон  ҷойгоҳи афзалиятнок доранд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ баҳри ҳимояи ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» қабул карда шудаанд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали  Муттаҳид

Апрель 17, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд