Ҷавонписарони далери ноҳияи Мастчоҳ ба хизмати Ватан рафтанд

Апрель 3, 2024 14:57

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ, ки ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, дар майдони Парчами давлатӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, комиссари ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшудагон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олӣ — муҳофизати марзу буми Ватанро дарк менамоянд. Ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки ҳамеша барои ҳимояи марзу буми мамлакат, таъмини амният, бартараф намудани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ бо тамоми ҳастӣ саъю талош намоем.

Аскари навдаъват Абдумуталлиб Нурзода ва имомхатиби масҷиди ҷомеъ Саидмирзо Мухторов хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро вазифаи муқаддас дониста, ҷавононро даъват намуданд, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваста, дар ин мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву худогоҳӣ сарбаланду садоқатмандона хизмати ҳарбиро адо намоянд.

Дар фарҷом ба 50 даъватшуда шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 3, 2024 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид