Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
РОҒУН, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда доир гардид, ки дар он масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуда, ҷавонписарони далерро бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар доданд.
Дар ин маъракаи муҳим ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён гардида, аз тарафи Раиси шаҳри Роғун ба фарзандони онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Иброз гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарон пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Ҷавонони матиниродаи шаҳри Роғун ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқаташонро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон доданд.
Волидайни даъватшудагон иброз доштанд, ки «имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии моддиву маишӣ муҳайё шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрўз афсарони касбии ботаҷриба барои баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандўстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд. Аз ин рӯ мо, падарону модарон бояд масъулият ҳис намуда, барои ҳифзи марзу буми мамлакат ҷавонписаронамонро ба сафи Артиши миллӣ ҷалб намоем».
Дар ҳамоиш ба ҷавонписароне, ки даври омӯзиши ронандагии ТҶ «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд. Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертиро пешкаши ҳозирин намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






