Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд

Апрель 22, 2024 13:03

ТОҶИКОБОД, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди деҳот, ҳали мушкилоти аҳолӣ ва кишоварзон ба сокинони деҳаи Нушори поёни Ҷамоати деҳоти Нушор ва деҳаи Кӯли Калони Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод 2 техникаи тасмачархи ДТ-75 бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ  доданд.

Техникаҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» харида шуда, бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Тоҷикобод ба сокинон тақдим карда шуд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо шуда, сатҳи зиндагии мардум боло меравад. Ин техникаҳои кишоварзӣ низ ба хотири осон намудани мушкилоти сокинони деҳа пешбинӣ шудаанд.

Масъулини ноҳия ба роҳбарияти деҳаҳо ва раисони ҷамоатҳо изҳор доштанд, ки техникаҳоро дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, ба манфиати сокинон ва ободии деҳот самаранок истифода баранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Апрель 22, 2024 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд