Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд

Апрель 23, 2024 16:47

 ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш  баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Тавре иброз гардид, аз 22 то 27 апрел давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он дохил аст, таҳти шиори «Муҳофизати наслҳои ҳозира ва оянда бо роҳи гузаронидани иммунизатсия!» Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия мегузаронанд.

Мақсади асосии он баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки имсол 50-солагии Барномаи васеи иммунизатсия дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида мешавад. Яъне, шуруъ аз соли 1974 ҳар давлати ҷаҳон истифодаи ин барномаро бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнин ва фавти аҳолӣ оварда мерасонанд, оғоз намуд. Бо шарофати ин барнома сол то сол сатҳи бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳои ҳаётан муҳим коҳиш меёбад.

Ҳамзамон имрӯзҳо ҳар давлат Барномаи миллии иммунопрофилкатикаи худро дорад, ки дар доираи амалигардонии он тамоми чорабиниҳо ба нигоҳдории солимию дарозумрии аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ин рӯ, ваксинаҳо моро ҳамчун як шахсият муҳофизат мекунанд ва барои якдигарро муҳофизат намудан низ кумак мерасонанд, зеро ҳар шахси иммунизатсияшуда дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нақши калидӣ дорад.

Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиби иммунизатсия дар байни аҳолии мамлакат ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 23, 2024 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд