Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Институти астрофизика конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028 ва Соли маърифати ҳуқуқӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии олимон ва ходимони илмии академия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти астрофизика хабар медиҳад.
Дар конференсия иброз гардид, ки рушди илми ватанӣ зери таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳама корҳоро ба анҷом мерасонад, то илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мақоми сазоворро соҳиб гардад.
Конференсия ба табодули андешаву дастовардҳои илмӣ дар самти омӯзиши кайҳон бо мақсади осоишта равона гардида, ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии олимони ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар конференсия аз ҷониби олимону ходимонии илмии институт маърузаҳо пешниҳод ва муҳокима шуданд.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






