Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ду чархболи неруҳои баҳрии Малайзия дар ҷараёни машқи паради ҳарбӣ дар ҳаво ба ҳам бархӯрданд, ки дар натиҷа ҳамаи 10 узви экипажи дохили онҳо ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Kazinform бо истинод ба BBC хабар додааст.
Ҳодиса соати 09:30 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Лумути Малайзия, ки дар он пойгоҳҳои флоти Шоҳии Малайзия ҷойгир мебошанд, рух дод. Ягон нафари зиндамонда ёфт нашудааст.
«Ҳамаи қурбониён дар ҷои ҳодиса ҳалокшуда ҳисоб шуда, ҷасади онҳо барои шинохтан ба беморхонаи ҳарбӣ [дар Лумут] фиристода шуд», — гуфта шудааст дар изҳороти неруҳои баҳрии Малайзия.
Барои тафтиши сабабҳои ҳодиса комиссия таъсис дода мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






