Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид

Апрель 30, 2024 19:00

ЁВОН, 30.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри ба сокинон  расонидани  муҳтавои суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Даҳана бо фаъолон вохӯрӣ доир шуд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ  ва риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки  дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд.  Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст.  Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд.

Ҳамчунин фаъолони ҷамоат даъват шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» гузаронида, бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳо дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиро бештар намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Апрель 30, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад