Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ «Амонатбонк» дар Муъминобод ҳамоиш доир намуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш мутахассисони «Амонатбонк» дар мавзуъҳои «Замимаи барномаи мобилии «Амонат-мобайл» ва «Кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои пардохтҳои ғайринақдӣ» рӯнамо манзур карда, ба иштирокдорони ҳамоиш оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва дигар хизматрасонии бонкӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш ва мутахассисони «Амонатбонк» вобаста ба хизматрасонии бонкӣ табодули назар намуданд.
АКС: «Амонатбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






