Дар Амрико дар натиҷаи тирпаронӣ дар тарабхона як нафар ҳалок ва чанд нафар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тирпаронӣ дар тарабхонае дар шаҳри Нэшвилл дар иёлати Теннессии Амрико як нафар ҳалок ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе идораи пулиси маҳаллӣ дар саҳифааш дар X (собиқ Twitter) иттилоъ додааст. “Муфаттишон барои муайян намудани сабабҳои тирандозӣ зимни наҳории рӯзи якшанбе кор мебаранд”,- гуфта шудааст дар изҳорот. -Як нафар ҳалок шуда, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои на он қадар вазнин бардоштаанд”.
Гуфта мешавад, ки тирпаронӣ 31 март, тақрибан соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ ба амал омадааст. Гумонбаршуда аз ҷойи ҳодиса бо мошин фирор намудааст, ҷустуҷӯи ӯ давом дорад. Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, ӯ панҷ нафарро маҷруҳ намудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






