Дар Чин баландтарин сатҳи хатар дар робита ба сунами эълон гардид

Апрель 3, 2024 17:57

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати захираҳои табиии Чин бар асари заминларзаи шадиди дар наздикии шаҳри Ҳуаляни Тайван рухдода сатҳи хатари баландтарин — сурхи сунамиро эълон намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС, ки ба он дар Маркази вазирии огоҳсозии сунамӣ хабар додаанд, иттилоъ медиҳад.

Дар обҳои атрофи маркази заминларза метавонад сунами ба вуҷуд ояд, ки он, тавре интизор меравад, «барои минтақаҳои соҳилӣ, аз ҷумла шарқи Тайбэй ва Ҳуалян пайомадҳои фалокатбор меорад”, хабар додааст марказ.

Заминларза бо шиддати 7,2 дараҷа соати 07:58 ба вақти Пекин рух дод ва дар тамоми Тайван эҳсос шуд. Ба гуфтаи зилзилашиносони маҳаллӣ, маркази зилзила дар уқёнуси Ором, дар километри 25-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Ҳуалян ва манбаъ дар умқи 15,5 километр ҷойгир будааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 3, 2024 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд