Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар медиҳад.
Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», қарору қонунҳои қабулшуда, гирифтани пеши роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ғайра сухан гуфтанд.
Зимни мулоқот иштирокдорон ба иҷрои муваффақонаи вазифаҳои хизматӣ, фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватан ва садоқат ба давлату мардуми Тоҷикистон, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқи ҷомеа даъват шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






