Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид

Апрель 30, 2024 19:32

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар партави Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар медиҳад.

Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», қарору қонунҳои қабулшуда, гирифтани пеши роҳи ҳамроҳшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ғайра сухан гуфтанд.

Зимни мулоқот иштирокдорон ба иҷрои муваффақонаи вазифаҳои хизматӣ, фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватан ва садоқат ба давлату мардуми Тоҷикистон, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқи ҷомеа даъват шуданд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Апрель 30, 2024 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид