Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
БОХТАР, 21.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ — назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва «Рӯзи илми тоҷик» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Пеш аз оғози конференсия иштирокдорони он бо намоиши дастовардҳои илмию эҷодии ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ шинос шуданд.
Ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамин дастгирию пуштибонии муассисаҳои таълимию илмӣ буд, ки сол аз сол теъдоди шаҳрвандони ба тадқиқотҳои илмӣ машғулбуда меафзояд.
«Муассисаи мо низ дар ин самт саҳмгузор буда, имрӯзҳо олимони донишгоҳро натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он мешиносанд, ки ин мояи ифтихор мебошад. Донишгоҳ имрӯзҳо ба як макон ва боргоҳи бузурги таълимию илмӣ табдил ёфтааст, ки дар он тамоми имконот барои таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ муҳайё мебошад. Роҳбарияти донишгоҳ дар навбати худ мутобиқ ба барнома ва Стратегияи донишгоҳ давра ба давра бо хариди таҷҳизоти лозима пояи моддии донишгоҳро тақвият бахда истодааст»,- афзуд Ректори донишгоҳ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ 601 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 18 профессори штатӣ, 7 профессори ҳамкор, 184 нафар номзади илм ва дотсент, 37 нафар саромӯзгор, 362 нафар омӯзгор ва ассистент дар 43 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул мебошанд.
Гуфта шуд, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 70 равия ҷараён гирифта, зиёда аз 139 мавзуъро дарбар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмии худро дар соли 2023 ва се моҳи соли 2024 дар 1985 номгӯйи кор, аз ҷумла 132 номгӯйи рисола, 33 монография, 12 китоби дарсӣ, 134 дастури методию васоити таълимӣ, 65 барномаҳои фанни таълимӣ, 1609 номгӯйи мақолаҳо ҷамъбаст ва дар конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ 709 гузориш пешниҳод карданд. Аз ҷумла, дар конференсияҳои байналмилалию маҷаллаҳои илмии хориҷи мамлакат зиёда аз 119 гузоришу мақола нашр намудаанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






