Дар Душанбе машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва консулӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор мегарданд

Апрель 30, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Самир Шарифов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбоҷон табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва консулӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард