Дар Душанбе қоидаҳо ва расмиёти идоракунии харид ва молия зимни татбиқи лоиҳаҳо шарҳ дода шуданд

Апрель 25, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Хазинаи авруосиёии субот ва рушд дар Душанбе дар бораи қоидаҳо ва тартиби харид  ва идоракунии молия дар иҷрои тарҳҳое, ки аз ҷониби хазина маблағгузорӣ мешаванд, машғулият доир намуд. Дар он  намояндагони Агентии    инноватсия  ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Хазинаи авруосиёии субот ва рушд иттилоъ доданд.

Ҳангоми татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Хазинаи авруосиёии субот ва рушд маблағгузорӣ мешаванд, хариди молҳо, корҳо ва хизматрасонии зарурӣ тибқи стандартҳои хазина доир мешавад, ки ба беҳтарин равишҳои ҷаҳонӣ комилан мувофиқ ҳастанд. Ин истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд, ки он махсусан ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои Хазинаи авруосиёии субот ва рушд, ки маъмулан ба даст овардани унсурҳои мураккаби инфрасохтор, хизматрасониҳои машваратии мукаммал, қисмҳои бузурги таҷҳизот, технологияҳои иттилоотӣ ва  маводи истеъмолии заруриро дар бар мегиранд, муҳим аст.

Иштирокчиёни машғулият ба гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҳамроҳ буда, барои кор дар онҳо масъул мебошанд. Дар байни лоиҳаҳои дарпешистода «Беҳдошти иқтидори институтсионалӣ барои рушди хизматрасонии рақамии давлатӣ», «Вусъат додани татбиқи принсипҳои буҷети барномавӣ» ва «Баланд бардоштани сатҳи иммунии аҳолии кӯдакон ва калонсолон» ҳастанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати муассиси Хазинаи авруосиёии субот ва рушд маҳсуб мешавад. Давоми фаъолияти хазина барои тараққиёти мамлакат қариб 240 миллион доллар ҷудо карда шуд. Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», таҷдиди шабакаҳои обёрӣ, барномаи «Корвони саломатӣ» барои пешгирии бемориҳо дар минтақаҳои душворгузар, дастгирии буҷет дар давраи пандемияи COVID-19, хароҷоти иҷтимоӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 25, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст