Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб мулоқот доир шуд

Апрель 11, 2024 13:34

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб вохӯрӣ-машварат баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Мулоқот дар доираи маҳфили омӯзишии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» баргузор шуда, дар он бо иштироки Раиси Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода вобаста ба ташаббусҳои ғамхоронаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии мавқеи ҷавонони даврони истиқлолият, такя ба неруи созандаи ҷавонон ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз суҳбати мубоҳисавӣ доир гардид.

Бунафша Файзиддинзода изҳор дошт, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат баҳри дастгирии мавқеи арзандаи ҷавонон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳо ва ташаббусҳои пай дар пай амалӣ гардида истодаанд.

Иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Самараи неки истиқлол ва баракати сулҳу суботи сиёсии мамлакат  аст, ки дар Тоҷикистон ба масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

Раиси Кумитаи  кор бо занон ва оила бо ёдоварӣ аз суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фаъолгардонии нақши ин қишри ҷомеа иброз дошт, ки Пешвои миллат дар ҳар суханронии худашон пайваста  таъкид менамоянд, «мо бо ҷавонони созандаамон ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар рушди Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Ватан-Модар содиқона хизмат мекунанд».

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар», 

АКС: Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2024 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд