Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд

Апрель 25, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 25.04.2024  /АМИТ «Ховар»/. Табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти гузаронидани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ табодули таҷриба намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи сафари як гурӯҳ табибони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табибони ду давлат дар самти амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар бахшҳои онкологӣ ва асаб табодули таҷриба намуданд. Аз ҷумла, дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо иштироки ректори Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Воҳид Ҳусейнӣ ва табибони тоҷик ба тариқи эндоскопӣ амалиёти ҷарроҳии онкологӣ гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар бахши онкологӣ яке аз амалиёти мураккаб ба шумор меравад.

Инчунин бо иштироки табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» амалиёти ҷарроҳии асаб ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуд.

Мақсади табодули таҷриба бо табибони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ин давлат дар бахши ҷарроҳӣ дар ҷаҳон шуҳрат дорад, боз ҳам васеъ ба роҳ мондани чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби Тоҷикистон мебошад.

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҳайати меҳмонон бо табибони тоҷик доир ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат гуфтугӯ ва ба густариши ҳамкорӣ дар ин самт ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад