Дар ноҳияи Данғара Фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд

Апрель 29, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 29.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шинос намудани аҳолӣ бо хизматрасонии молиявӣ дар ноҳияи Данғара Фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Бонки миллии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин фестивал буда, дар доираи он ба аҳолӣ оид ба хизматрасонии бонкӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар Фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар радифи роҳбарият ва мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон инчунин кормандони масъули «Амонатбонк», ташкилоти қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва ассотсиатсияҳои онҳо иштирок карда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва маҳсулоти бонкӣ хизматрасониашонро ба иштирокдорони фестивал пешниҳод намуданд.

Ба иштирокдорон оид ба воситаҳои пардохти ғайринақдӣ, алалхусус барномаи мобилии «Амонат-мобайл», кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», додани қарз ва намуди пасандозҳои бонкӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

АКС: «Амонатбонк»

Апрель 29, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст