Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ҳизбии «Бонувони худшинос» ва «Фарзона» таъсис ёфт

Апрель 6, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду ташкилоти ҳизбӣ- «Бонувони худшинос» ва «Фарзона» таъсис дода шуд. Ба ин хотир дар Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» ва Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка»-и шаҳри Душанбе маҷлиси муассисон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба нақши ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мусоидат ба ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияташонро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи мамлакат ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмул мебошад.

Дар маҷлис оид ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти имсол баргузор шуд, ибрози андеша гардид.

Дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилотҳои ҳизбии «Бонувони худшинос» ва «Фарзона» интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдимшуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Апрель 6, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»