Дар шаҳри Ҳисор ҷараёни татбиқи яке аз қонунҳои миллии мамлакат баррасӣ гардид

Апрель 13, 2024 17:05

ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи яке аз қонунҳои миллӣ -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳри Ҳисор зимни ҷаласа баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, зимни ҷаласа таъкид шуд, ки таълиму тарбияи фарзанд дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ- оила, мактаб ва ҷомеа доир шуда, қонун ҳамоҳангсозии фаъолияти ин ниҳодҳоро ба танзим медарорад.

Бо ёдоварӣ аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз гардид, ки талаботи ин қонун дар ҷомеа ба таври зарурӣ амалӣ нашудааст. Ин омил боиси аз таълиму тарбия дур мондани баъзе ҷавонону наврасон ва ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ моил шудани онҳо гардид.

Дар идомаи ҷаласа намояндагони ниҳодҳои масъул дар мавзуи ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ бо кумитаҳои падару модарон, чораҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои аз таълим дур мондани кӯдакону наврасон, ҳатмӣ будани гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, сатҳи ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирии наврасон аз ҷиноят ва масъалаи таълиму тарбия аз нигоҳи дини мубини ислом сухан намуданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидааст. Аз ин рӯ зиёиён ва аҳли ҷамоати шаҳр дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон саҳми муносиб мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 13, 2024 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд