Дар Швейтсария бар асари тармафароӣ дар кӯҳҳои Алп се нафар ҳалок гардид

Апрель 2, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фаромадани тарма дар наздикии осоишгоҳи кӯҳии Серматт (Швейтсария) се нафар ҳалок ва як нафар захмӣ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус полиси кантони Вале дар X (қаблан Твиттер) хабар додааст.

«Дар натиҷаи ин ҳодиса- дар оғози шаб фаромадани тарма дар шаҳри Риффелберг се нафар ҳалок ва як нафар захмӣ шуд. Ҷустуҷӯ шоми имрӯз қатъ гардид», — омадааст дар хабар.

Ба иттилои ширкати телевизионии RTS, дар бораи тармафароӣ, ки дар шаҳраки Риффелберг дар наздикии Серматт тақрибан соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст, шоҳидони айнӣ хабар додаанд. Тибқи маводи видеоӣ, тарма се нафарро фаро гирифтааст. Ба корҳои ҷустуҷӯӣ неруҳои наҷотбахш ҳам дар замин ва ҳам аз ҳаво ҷалб шудаанд.

RTS ёдовар шудааст, ки зимистони гузашта дар кӯҳҳои Швейтсария 146 ҳодисаи фаромадани тарма сабт шуда, бар асари онҳо 14 нафар ҳалок гардидаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 2, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд