Дар Варзоб корҳои ободонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ниҳолшинонӣ вусъат меёбанд

Апрель 10, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб корҳои ободонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуданд, ки дар он кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, волонтёрон ва сокинон фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.

Бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Варзоб низ корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонӣ мунтазам баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Хусрав Дамонзода бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.

Чунин шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумӣ баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии ноҳия минбаъд низ гузаронида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Апрель 10, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад